Апрел 18, 2020 13:24 Asia/Dushanbe
  • Арзаи ройгони сомонаи ҳушманди эронии ташхиси коронавирус ба саросари ҷаҳон

Раиси Пажӯҳишгоҳи фанноварии иттилоот ва иртибототи Донишгоҳи санъатии Шарифи Теҳрон гуфт: Сомонаи ҳушманди эронии ташхиси коронавируси ройгон ба марокизи дармонӣ ва таҳқиқотии саросари дунё арза хоҳад шуд.

Муҳаққиқони Донишгоҳи санъатии Шарифи Теҳрон ахиран барои авввалин бор дар Эрон, муваффақ ба тарроҳӣ ва сохти сомонаи ташхиси корнавирус бо истифода аз алгоритми ҳуши маснуӣ, аз тариқи тасовири томографияи сандуқи сина шуданд.

Ҳамидризо Рабиӣ, раиси Пажӯҳишкадаи фанноварии иттилоот ва иртибототи пешрафтаи Донишгоҳи санъатии Шарифи Теҳрон, бо ишора ба фаъолияти Чин ва Донишгоҳи Стенфорди Амрико дар заминаи истифода аз ҳуши маснуӣ барои ташхиси коронавирус афзуд:

Сомонаҳое, ки муҳаққиқони эронӣ тарроҳӣ кардаанд, бо навоварӣ дар пешпардозиши тасовир дар шабакаҳои амиқи тавсифпазир, ба сурати пойдор ва дар замони камтар аз як дақиқа, натоиҷи хуб ва бо диққат ва ҳассосияти болои 97 % ро ироа медиҳад.

 

Барчасп