Апрел 19, 2020 18:46 Asia/Dushanbe
  • Даргирии марзбонони Эрон бо қочоқчиёни мусаллаҳи маводи мухаддир

Фармондеҳи марзбонии устони Систон ва Балучистон аз даргирии марзбонон дар ҷануби шарқи Эрон бо қочоқчиёни мусаллаҳ ва кашфи 660 килограмм маводи мухаддир дар минтақаи марзии шаҳристони Саровон хабар дод.

Муҳаммади Муллошоҳӣ, фармондеҳи марзбонии устони Систон ва Балучистони Эрон рӯзи якшанбе бо ишора ба ишрофи иттилоотии марзбонони Саровон бар ҳавзаи истеҳфозӣ ва огоҳӣ аз қасди қочоқчиёни мусаллаҳ мабнӣ бар интиқоли маводи мухаддир ба марзҳои ҷануби шарқии кишвар тасреҳ кард:

Марзбонон пас аз ҳузур дар минтақа, бо анҷоми камини ҳадафманд, қочоқчиёни мусаллаҳро мавриди ҳадаф қарор доданд.

Муллошоҳӣ афзуд: Пас аз даргирии мусаллаҳ, мутаҷовизон ба самти хоки Покистон фирор карданд, аммо баровардҳои аввалия ва осори баҷомонда дар минтақа ҳокӣ аз талафоти шадиди қочоқчиёни мусаллаҳ аст.

 

Барчасп