Рӯҳонӣ: Эъмоли равишҳои ҷадид барои шиносоии мубталоён ба коронавирус
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i52845-Рӯҳонӣ_Эъмоли_равишҳои_ҷадид_барои_шиносоии_мубталоён_ба_коронавирус
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон аз эъмоли озмоиши антибодӣ, ба унвони равиши ҷадид барои шиносоии беморони мубтало ба коронавирус дар кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 19, 2020 15:51 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Эъмоли равишҳои ҷадид барои шиносоии мубталоён ба коронавирус

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон аз эъмоли озмоиши антибодӣ, ба унвони равиши ҷадид барои шиносоии беморони мубтало ба коронавирус дар кишвар хабар дод.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз якшанбе дар нишасти Ситоди муқобила бо коронавирус бо баёни ин, ки ғарболгарии ҷадид дар кишвар оғоз шудааст, афзуд:

Пас аз мусбат шудани озмоиши коронаии бархе аз афрод, аз шахсоне, ки бо онҳо дар иртибот ҳастанд, озмоиш гирифта мешавад, то оморҳо дақиқтар шаванд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба гузориши Ситоди миллии муқобила бо коронавирус, дар хусуси омор ва арқоми марбут ба коронавирус дар устонҳои мухталифи кишвар гуфт: Оморҳо нишон медиҳанд, ки Эрон ба шароити маҳори ин беморӣ наздик  шудааст.