Апрел 20, 2020 08:58 Asia/Dushanbe
  • Сатторӣ: Тавлиди дохилии кити ташхиси корона ба марҳилаи анбуҳ расидааст

Муовини илмӣ ва технологии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки тавлиди кит (тест)-и ташхиси вируси корона аз тариқи озмоиши хун (срологӣ) дар Эрон ба марҳилаи тавлиди анбуҳ расидааст, гуфт: Метавонем рӯзона як миллион аз ин навъ кит дар дохил тавлид кунем.

Ба гузориши ИРНО, Сурно Сатторӣ  якшанбешаб дар барномаи гуфтугӯи вижаи хабарии шабакаи дувуми телевизиони Эрон дар хусуси дастовардҳои ширкатҳои донишбунён дар ҳавзаи муқобила бо корона, афзуд: Бо талоши ширкатҳои донишбунён дар тавлиди таҷҳизоти мухталифи бемористонӣ, дигар ниёзе ба воридот дар ин ҳавза вуҷуд надорад.  Сатторӣ бо баёни ин ки Эрон тавоноии содироти маҳсулоти тавлидии ширкатҳои донишбунёнро дорад, тасреҳ кард: Пешбинӣ мешавад, ки ширкатҳои донишбунёни эронӣ имсол 5 ваксинаи инсонӣ вориди бозор кунанд.  Сурно Сатторӣ бо ишора ба пешрафтҳои Эрон дар ҳавзаи биотехнологӣ ва ба думболи он сохт ва тавлиди дору гуфт: Ширкатҳои донишбунёни эронӣ тавонистаанд то кунун 23 доруи биотехнологиро ба тавлид бирасонанд, ки дар ин ҳавза дар кишварҳои минтақа беназир аст.

Дар рӯзҳои ахир таҳримҳои якҷониба ва золимонаи Вашингтон, ки шомили колоҳои асосӣ ва ҳатто доруӣ ва пизишкӣ мешавад боиси эҷоди мушкилоти фаровоне барои мардуми Эрон ба вижа беморони коронаӣ шудааст; бо ин ҳол донишмандони эронӣ бо такия бар тавони дохилӣ тавонистаанд таҷҳизот ва малзумоти пизишкии мавриди ниёзи кишварро барои муқобила бо вируси корона тавлид кунанд.

Барчасп