Дидори Зариф бо раисиҷумҳур ва вазири хориҷаи Сурия
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i52867-Дидори_Зариф_бо_раисиҷумҳур_ва_вазири_хориҷаи_Сурия
Вазири умури хориҷаи Эрон бо Башор Асад, раисиҷумҳур ва Валид Муаллим, вазири умури хориҷаи Сурия ба сурати ҷудогона дидору гуфтугӯ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 20, 2020 11:56 Asia/Dushanbe
  • Дидори Зариф бо раисиҷумҳур ва вазири хориҷаи Сурия

Вазири умури хориҷаи Эрон бо Башор Асад, раисиҷумҳур ва Валид Муаллим, вазири умури хориҷаи Сурия ба сурати ҷудогона дидору гуфтугӯ кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон субҳи имрӯз (душанбе), дар садри ҳайати баландпояи сиёсӣ дар фурудгоҳи Димишқ мавриди истиқболи Файсал Миқдод, муовини вазири умури хориҷаи Сурия ва ҷамъе аз мақомоти аршади ин кишвар қарор гирифт.

Вазири умури хориҷаи Эрон ва мақомоти аршади сиёсии Сурия дар ин дидорҳо, дар бораи равобити дуҷонибаи Теҳрон ва Димишқ, таҳаввулоти минтақаӣ ва низ охирин таҳаввулоти сиёсӣ ва майдонии муборизаи Сурия алайҳи терроризм табодули назар хоҳанд кард.