Апрел 22, 2020 12:18 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисони ҷумҳури Эрон ва Русия бар тақвияти ҳамкориҳои Теҳрон - Маскав

Раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия бар тақвият ва таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои Теҳрон - Маскав ва иҷрои сареътари тавофуқномаҳои дуҷониба таъкид карданд.

Ҳасани Руҳонӣ асри сешанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Путин густариши ҳамкориҳо ва табодули таҷрибаҳои ду кишвари Эрон ва Русияро дар мубориза бо вируси корона зарурӣ донист ва гуфт: Масъулони Эрон ва Русия бояд талош кунанд то бо риояти протоколҳои беҳдоштӣ, табодулоти тиҷории дуҷониба анҷом шавад.

Руҳонӣ бо ишора ба таҳримҳои золимона ва ғайриқонунии Амрико зидди Эрон ва монеатарошӣ барои пардохти қарзи Фонди байналмиллии пул ба Эрон гуфт: Имрӯз шароити сахте пеши рӯйи ҳамаи кишварҳои ҷаҳон қарор дорад ва дар ин шароит кишварҳои дӯст бояд ҳамкорӣ ва равобити самимонатаре бо ҳам дошта бошанд.

Владимир Путин- раиси ҷумҳури Русия низ бо таъкид бар  ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаҳои Русия ва Эрон барои убур аз шароити сахти кунунӣ, густариши равобит ва муносиботи ду кишвар ва талош барои шитоб гирифтани иҷрои тавофуқоти Теҳрон - Маскавро хостор шуд.

Путин бо ишора ба таҳримҳои Амрико зидди Эрон, ин иқдомотро поймолсозии ҳуқуқи инсонӣ донист ва гуфт: Мутаассифона дар ғарб аз ҳуқуқи башар зиёд сухан мегӯяанд, аммо дар амал рафторе мутафовит доранд.

Раиси ҷумҳури Русия ҳамчунин идомаи ройзаниҳои Эрон ва Русия дар бораи мавзӯоти минтақаӣ ва байналмиллалӣ аз ҷумла пайгирии раванди Остона ва гуфтугӯҳои сеҷониба бо Туркия дар ин росторо муҳим донист.

 

Барчасп