Фармондеҳи Сипоҳи посдорон: Ҳар таҳдиде дар Халиҷи Форсро бо қудрат посух медиҳем
(last modified Thu, 23 Apr 2020 11:17:13 GMT )
Апрел 23, 2020 16:17 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи Сипоҳи посдорон: Ҳар таҳдиде дар Халиҷи Форсро бо қудрат посух медиҳем

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ гуфт, амнияти Халиҷи Форс аз роҳбурдҳои амниятии Эрон аст ва ҳар гуна таҳдиде дар ин минтақаро, қотеъ ва бо суръат посух медиҳем.

Сардор Ҳусейни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар ҳошияи боздид аз ҷазоири Бу Мусо, Тунби бузург ва Қишм, зимни баррасии омодагии нирӯҳои мустақар дар ин манотиқ гуфт: "Ба амрикаиҳо мегӯем, дар дифоъ аз амнияти миллӣ ва марзҳои обӣ ва амнияти киштиронӣ ва амнияти нирӯҳои дифоимон комилан мусаммам ва ҷиддӣ ҳастем ва ҳар иқдоми харобкоронаеро қотеъона посух медиҳем."

Сардор Саломӣ афзуд, ба ягонҳои дарёии сипоҳ дастур дода шудааст, ки агар шиновар ё воҳиди ҷангӣ аз нирӯҳои террористи Амрико бихоҳад амнияти киштиҳои ғайри ҷанагӣ ё шиноварҳои размии Эронро таҳдид кунад, он шиновар ё воҳидро ҳадаф қарор диҳанд.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ба тозагӣ дар “Твиттер” бидуни ишора ба ҳузури ғайри қонунии новҳои амрикоӣ дар обҳои Халиҷи Форс навишт, ба нирӯи дарёии Амрико дастур додааст ба самти қаиқҳои эронӣ, ки дар Халиҷи Форс ҳузур доранд, шиллик кунад.

Фармондеҳи кулли сипоҳ дар идома ба партоби муваффақиятомези моҳвораи “Нур” ба фазо ишора кард ва гуфт, барои тавсеаи амалкарди дифоӣ дар дарё, замин ва фазо аз ҳама зарфиятҳо истифода мекунем.

Сардор саломӣ таъкид кард, ҳар рӯз дар тавлиди силоҳҳои пешрафта дар сипоҳ таҳаввулоти ҷадиде сурат мегирад ва ин роҳ идома дорад.

Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ рӯзи чаҳоршанбе моҳвораи "Нур"-ро ба унвони нахустин моҳвораи низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мадори 425 километрии замин қарор дод.