Рӯҳонӣ: Дар манотиқи сафед маконҳои мазҳабӣ бозкушоӣ хоҳанд шуд
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба тақсими манотиқи мухталифи кишвар бар мабнои мизони ибтило ва хурӯҷи бемории коронавирус ба се минтақа; сафед, зард ва сурх гуфт: Дар манотиқи сафед маконҳои мазҳабӣ бозкушоӣ ва намозҳои ҷумъа ва ҷамоат баргузор хоҳанд шуд.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи якшанбе дар ҷаласаи Ситоди миллии мубориза бо хурӯҷи коронавирус, бо ишора ба тақсим ва минтақабандии кишвар бар мабнои ибтило ва хурӯҷи бемории коронавирус тасреҳ кард:
Бар асоси меъёрҳо ва муқаррароти беҳдоштӣ ба таври мисол, агар дар як шаҳристоне вурудӣ ба бемористон як ҳафта сифр шуда ва фавте ҳам надошта бошад ва беҳбуд ёфтагон низ афзоиш пайдо карданд ва ин раванд дар ҳафтаи дуввум такрор шуд, Вазорати беҳдошти Эрон ин минтақаро "минтақаи сафед" эълом мекунад.
Рӯҳонӣ афзуд: Ҳар минтақае аз кишвар, ки минтақаи сафед эълом шуд ва Вазорати беҳдошт тасдиқ кард, маконҳои муқаддас дар он ҷо бозкушоӣ мешаванд.