Апрел 28, 2020 17:52 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии Зариф ва Лавров дар бораи тарҳи ҳилагаронаи Амрико

Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Руссия дар бораи нақшаи тозаи Амрико барои тавофуқи ҳастаӣ (барҷом) гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои хуросон ба нақл аз Ирна, Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Руссия рӯзи сешанбе дар гуфтугӯи телефонӣ дар бораи тарҳи тозаи Амрико барои Барҷом ройзанӣ карданд ва онро мардуд ва ғайриамалӣ донистанд.

Рӯзномаи Нӣю-Йорк таймз (26 апрел) ҳилаи Амрико барои тамдиди таҳримҳои таслиҳотии Эрон, ки бар асоси тавофуқномаи Барҷом қарор аст аз 17 октябри 2020 лағв шавад, фош кард.

Ба гузориши Нӣю-Йорк таймз давлати Амрико ба дунболи тасвиби қатъномае дар шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аст, ки кишварҳоро аз судури таслиҳоти мутаориф ба Эрон пас аз инҷизои таҳрими таслиҳотӣ дар моҳи октябр манъ кунад, аммо бо таваҷҷӯҳ ба ин ки медонад ин қатънома бо мухолифати Чин ва Руссия ру ба ру мешавад, қасд дорад то би ҳилагарӣ ба Барҷом бозгардад.

Бар асоси тарҳи Пампео Амрико иддао мекунад, ки ба сурати қонунӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчунон яке аз кишварҳои ҳозир дар тавофуқи ҳастаӣ ҳаст ва Трамп бо хориҷ шудани якҷониба аз Барҷом тамоми ҳуқуқашро барои бозгардондани таҳримҳои Эрон вогузор накардааст.

Бар асоси ин тарҳ қарор аст, агар таҳрими таслиҳотии Эрон тамдид нашавад, Амрико аз "ҳақи" худ ба унвони "узви Барҷом" истифода кунад то боиси бозгашти таҳримҳои нафтӣ ва бонкии беш аз тавофуқи ҳастаӣ дар соли 2015 шавад.

 

бар асоси тарҳи Пампео, А

бмрико иддао мекунад, ки ба сурати қонунӣ