Май 02, 2020 11:08 Asia/Dushanbe
  • Боздиди расонаҳои хориҷӣ аз Пажӯҳишгоҳи Пастори Эрон

Хабарнигорон аз 13 кишвар, аз фаъолияти Пажӯҳишгоҳи Пастори Эрон боздид карданд.

Намояндагон ва хабарнигорони 28 расона аз кишварҳои Фаронса, Испания, Олмон, Амрико, Англия, Туркия, Чин, Русия, Ироқ, Озарбойҷон, Қатар, Лубнон ва Яман аз Пажӯҳишгоҳи Пастори Эрон боздид карданд.

Алиризо Беглурӣ, раиси Пажӯҳишгоҳи Пастори Эрон низ дар нишасте бо намояндагони расонаҳои хориҷӣ, фаъолиятҳои ин марказ дар ҳавзаҳои мухталифи ташхисӣ, эпидемиологӣ, таҳқиқотӣ, тавлидӣ ва омӯзишии муртабит бо коронавирусро ташреҳ кард.