Таъкиди Руҳонӣ бар зарурати ҳамкорӣ барои муқобила бо корона
Эъмоли фишор ба миллатҳо дар қолаби терроризми иқтисодӣ ва таҳдиди низомӣ бояд ҷойи худро ба ҳамкориҳои дуҷониба, чандҷониба ва байналмилалӣ барои мубориза бо таҳдидҳои воқеӣ ва муштарак диҳад.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон асри Душанбе дар нишасти маҷозии сарони кишварҳои узви гурӯҳи тамоси Ҷунбиши Ғайримутааҳҳидҳо, бо баёни ин мавзуъ, тамоми кишварҳоро ба ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ барои муқобила бо бемори корона фаро хонд.
Рӯҳонӣ дар идомаи суханони худ бо ишора ба осори талху вайронгари таҳримҳо ба унвони иқдоме зиддиинсонӣ афзуд: “Амрико солҳост бо таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунӣ, натанҳо мардуми Эронро аз дастрасӣ ба ҳуқуқи худ маҳрум карда, балки иқдомоташ таҳдиде барое чандҷонибагароӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ маҳсуб мешавад”.
Вируси корона инак ба як пондемия (фарогирии ҷаҳонӣ) табдил шудааст. Теъдоди афроди мубтало ба бемории “Ковид-19” акнун аз марзи 3,5 миллион нафар фаротар рафтааст ва беш аз 250 ҳазор инсон ҷони худро аз даст додаанд.
Шуюъи вируси корона акнун сохторҳои байналмилалӣ дар арсаҳои беҳдоштӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро ларзон карда ва саломати миллатҳоро ба мухотира андохтааст. Қарор гирифтани Амрико дар рутбаи нахусти мубталоён ба вируси корона низ нишон дод, ки Вашингтон наметавонад сарнавишти худро аз ҷомеаи байналмилалӣ ҷудо бидонад. Дар сурати идома ва ташдиди густариши ин вирус, мумкин аст шароите эҷод шавад, ки ҳатто қобили пешбинӣ набошад. Аз манзари осебҳои иқтисодӣ низ, мутобиқи гузоришҳо, сармоягузории мустақими хориҷӣ, ки бисёре аз кишварҳои дар ҳоли тавсеа ба он вобаста ҳастанд, байни панҷ то 15 дарсад дар 2020 ва 2021 коҳиш хоҳад дошт. Бо таваҷҷуҳ ба густурдагии абъоди ин буҳрон, ҷомеаи ҷаҳонӣ барои муқобилаи фарогир бо “Ковид-19” бо камбудиҳои зиёде мувоҷеҳ аст.
Ин дар ҳолест, ки иқдомоти ноҳинҷори Амрико ҳамонанди вируси корона дар ҳоли табдил шудан ба як балои ҷаҳонӣ аст. Аз ин рӯст, ки раисҷумҳури Эрон дар бахше аз суханони худ тазъифи Созмони Ҷаҳонии Беҳдоштро ба маънои тазъифи муборизаи муштараки ҷаҳонӣ алайҳи корона баршумурд ва гуфт, иқдоми тавҷеҳнопазир, шитобзада ва ғайримасъулонаи давлати Амрико дар маҳрум кардани Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз маболиғи молии мавриди ниёзи он созмонро бояд як иштибоҳи роҳбурдии дигари ин давлат донист.
Он гуна ки Шерин Ҳонтер, устоди донишгоҳи Ҷорҷ Тоуни Вашингтон мегӯяд, асароти буҳрони корона дар низоми сиёсати байналмилал чанд вақте тӯл хоҳад кашид то комилан равшан шавад. Моҳияти ин асарот ба рафтори кишварҳо дар ҳоли ҳозир бастагӣ дорад. Агар кишварҳо худхоҳона рафтор кунанд, мусалламан шикофҳо бештар хоҳад шуд.
Бо таъкид бар ҳамин нукта аст, ки комиссияи таҳкими сулҳи Созмони Милали Муттаҳид, шуюъи “Коҷид-19”- ро як буҳрони инсонӣ баршумурда ва ёдовар мешавад, ки ин вирус хатари қобили таваҷҷуҳ барои дастовардҳое аст, ки ба сахтӣ дар заминаи таҳкими сулҳ дар саросари ҷаҳон ҳосил шудаанд.
Табиист, ки Ҷунбиши ғайримутааҳҳидҳо ба унвони бахши бузурге аз ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонад нисбат ба ин сарнавишти муштарак бетафовут бошад. Суханони Руҳонӣ дар нишасти маҷозии сарони кишварҳои узви гурӯҳи тамоси Ҷунбиши Ғайримутааҳҳидҳоро метавон аз ҳамин зовия, аз як сӯ ҳушдор нисбат ба нигоҳҳои сиёсӣ ба як буҳрони ҷаҳонӣ ва аз сӯи дигар, даъват ба ҳамкорӣ барои муқобилаи ҷамъӣ бо коронавирус таҳлил ва тафсир кард.