Сафири Яман дар Теҳрон ; Арабистон намехоҳад ҷангро поён диҳад
Сафири Яман дар Эрон гуфт агар мақомоти Риёз хостори поёни ҷанг буданд музокироти сиёсиро оғоз мекарданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳим Алдейламӣ сафири Яман дар Теҳрон дар гуфтугуи ихтисосӣ бо хабаргузории Эрон Пррес гуфт ; агар мақомоти Риёз хостори поёни ҷанг буданд бо барқарории оташбас ва пойбандӣ ба он, пои мизи музокироти сиёсӣ менишастанд.
Алдейламӣ, бозгардондани султаи Арабистони Саудӣ бар Яман , фароҳам кардани муқадамоти нишастани Муҳаммад бин Салмон валиаҳди Саудӣ бар тахти подшоҳӣ, кумак ба гуруҳҳои ямании вобаста ба Риёз барои ба даст гирифтани қудрат ва одисозии равобит бо режими ишғолгари Саҳюнистиро аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳими Риёз барои оғози ҷанги зиди Яман унвон кард.
Вай дар бораи таъсири ҷанги Яман бар вазъияти беҳдоштӣ ва ғизоии мардуми ин кишвар низ гуфт ; осор ва паёмадҳои ҷанг дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, маишатӣ ва беҳдоштӣ фоҷиабор будааст ва Созмонҳои байналмилаллӣ натавонистаанд ба вазифаҳои худ барои кумак ба мардуми ин кишвар ба хуби амал кунанд.
Сафири Яман дар Теҳрон дар бораи кумаки таслиҳотии Эрон ба Яман ва мутаҳам кардани Эрон ба даст доштан дар ҳамлаи мушакӣ ба ширкати Оромкуҳи Арабистон низ гуфт ; дар шароите ,ки Яман дар муҳосира қарор дорад ва тамоми марзҳои ин кишвар баста аст, суҳбат аз ирсоли силоҳ ва муҳимот барои ин кишвар чи аз Эрон ва чи аз ҳар кишвари дигар, бемаънӣ аст.