Охирин омори беморони КОВИД-19 дар Эрон
Шумори мубталоён ба коронавирус ва бемории КОВИД-19 дар Эрон аз 106 ҳазор нафар фаротар рафт, аммо омори фавтидаҳо коҳиши ошкореро нишон медиҳад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Киёнуши Ҷаҳонпур- раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи шанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: Дар 24 соати гузашта, ҳазору 529 бемори нав шиносоӣ шудаанд.
Вай афзуд: То кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 106 ҳазору 220 нафар дар Эрон ба коронавирус олуда шудаанд.
Сухангӯи Ситоди миллии мубориза бо коронавирус дар Эрон ҳамчунин гуф: То кунун 85 ҳазору 64 нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо ҷавоб дода шудаанд.
Ҷаҳонпур бо ишора ба фавти 48 нафар дар 24 соати гузашта низ гуфт: Мавориди фавти бархоста аз коронавирус дар Эрон ба шаш ҳазору 589 нафар расидааст.