Май 10, 2020 09:01 Asia/Dushanbe
  • Тести инсонии муваффақиятомези нахустини доруи гиёҳии эронии саръ

Нахустин доруи гиёҳии эронии саръ (эпилепсия) бо талоши муҳаққиқон тести инсонии худро бо муваффақият пушти сар гузошт.

Донишмандони эронӣ пас аз солҳо таҳқиқ, муваффақ ба касби натоиҷи мусбати тестҳои ҳайвонӣ ва инсонии доруи гиёҳие бо номи финушо барои дармони саръ шуданд.

Ризо Мазлум Форсибоф- ихтироъкори доруи гиёҳии саръ дар гуфтугӯ бо ИРНО бо ёдоварии ин ки ҳеҷ мушобеҳи дохилӣ ва хориҷие барои ин дору вуҷуд надорад, гуфт: Ғайрисаммӣ будан аз муҳимтарин манфиатҳои ин дору аст.

Ин донишманди эронӣ тасреҳ кард: Масрафи доруи финушо муддати замони даврони  бемориро коҳиш хоҳад дод ва пешбинӣ мешавад ин доруи гиёҳи оризаҳои хоссе надошта бошад.

Саръ, як бемории шоеъ дар қаламрави бемориҳои асабӣ аст ва пешбинӣ мешавад дар дунё ҳудуди 340 миллион нафар бемори саръ вуҷуд дошта бошанд, ки ниёзманди дармон ҳастанд ва дар ҳоли ҳозир бо мушкилоти зиёде зиндагии худро сипарӣ мекунанд.

Бо вуҷуди он ки пизишкон ва мутахассисони зиёде дар саросари ҷаҳон барои дармони ин беморӣ таҳқиқот ва озмоишҳои мутааддидеро ба саранҷом расондаанд, аммо ҳануз дармони қатъие барои ин беморӣ мушаххас нашуда ва доруҳои мавҷуд коҳишдиҳанда ва контролкунандаи ин беморӣ ҳастанд.

Дастоварди нави доруии Эрон дар заминаи контроли бемории саръ ва коҳиши ташаннуҷ дар беморони мубтало ба он, нишондиҳандаи тавони болои муҳаққиқони эронӣ аст.

 

Барчасп