Май 10, 2020 12:45 Asia/Dushanbe
  • Гомҳои баланди Эрон дар арсаи тавонмандиҳои боздорандагии низомӣ

Дар ҳоле, ки чанд ҳафта аз партоби муваффақи моҳвораи"Нур-1"-и Эрон ба мадори замин мегузарад, намояндаи режими ишғолгари Исроил дар СММ ҳамсӯ бо Амрико ва дар идомаи ҷавсозиҳои сиёсӣ ва илқоӣ дар ин замина, дар ҳаракате мунфаилона, номае ба Шӯрои амнияти СММ ирсол кардааст.

Ба навиштаи нашрияи "Jerusalem Post", Danny Danon, намояндаи режими Исроил дар Созмони милал дар ин нома, хостори тадовуми фишорҳо ва тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон шудааст.

22моҳи апрел нахустин моҳвораи низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз моҳворабари 3 марҳалаии"Қосид" бо муваффақият партоб ва дар мадори 425 километрии замин қарор гирифт.

Партоби муваффақи нахустин моҳвораи низомии Эрон бо вокунишҳои зиёде ҳамроҳ шуд. Амрико ва кишварҳои аврупоӣ кушиданд бо фазосозӣ ва эҷоди ҳаёҳӯ аз аҳаммияти ин дастовард бикоҳанд ва дар айни ҳол онро ноқизи қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти СММ ва таҳдиде барои ҷаҳон ҷилва диҳанд. Ин вокунишҳо дӯр аз интизор набуд.

Амин Ҳатит, таҳлилгари умури низомӣ ва коршиноси умури роҳбурд бо баёни инки муваффақияти Эрон дар партоби моҳвораи "Нур" ва қарор додани он дар мадор бо муваффақият, шоки бузурге дар минтақа ва дунё эҷод кардааст, хотирнишон мекунад: "Қатъан Амрико ва Исроил аз ин рухдоди бузург хурсанд нахоҳанд буд ва даст ба ҳаҷмаи таблиғотӣ алайҳи Эрон ба хотири дар ихтиёр қарор гирифтани фанноварии ҷадиди Эрон, рӯй хоҳанд овард".

Ин партоб дар воқеъ як дастоварди муҳимм барои барномаи фазоии Эрон ба таври куллӣ, ва бавижа барои нирӯҳои мусаллаҳ аст.

Сардор сарлашкар Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе дар Теҳрон, партоби муваффақи моҳвораи “Нур” тавассути Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломиро аз масодиқи тарроҳӣ ва барномарезии ҳушмандона бо паштивонаҳои мутмаини илмӣ, фаннӣ ва амалӣ донист ва тасреҳ кард, қудратнамоии моҳвораи “Нур”, он ҳам бо иттико ба тавонмандиҳои бумӣ,пешрони тағйири мувозинаи қудрат ба нафъи миллати Эрон аст. Ин қудратнамоӣ, душманонро бо шикасти фоҳиши иттилоотӣ мувоҷиҳ сохт.

Ин тавоноӣ, дар тарози фанновариҳои стратегӣ қарор дорад. Аз ин рӯ ончӣ дар ин муваффақият рух дода, сар оғози марҳалае нав дар гоми дувуми инқилоб ва нишонае аз эҳсоси масъулияти нирӯҳои мусаллаҳи Эрон барои нақшофаринии ҳамзамон дар арсаи муқобила бо корона ва афзоиши иқтидори кишвар бо ҳузур дар фазо аст.

Ҳазрат оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта дар суханоне ба муносибати “Ҳафтаи кор ва коргар”, ки дар иртиботи тасвирии мустақим ва 3 соата бо ҳафт маҷмӯаи тавлидӣ баён шуд, бо таъкид бар аҳамияти ҷаҳиши кайфӣ дар канори ҷаҳиши каммӣ, гуфтанд: “Мо вақте метавонем як моҳворабарро бо суръати 7500 метр бар сония ба фазо партоб кунем ва моҳвораро дар мадор қарор диҳем, ва ё дар саноеи дифоии он пешрафтҳои бузургро доштаем, пас дар тавлид ҳам метавонем ба ҷаҳиш даст пайдо кунем”.