Май 10, 2020 14:35 Asia/Dushanbe

Сухангӯи давлати Эрон аз вазъияти шаҳрвандони эронӣ дар зиндонҳои Амрико ибрози нигаронӣ кард ва аз омодагии Эрон барои табодули зиндониён бо Амрико хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Алии Рабиӣ- сухангӯи давлати Эрон рӯзи якшанбе дар гуфтугӯи онлайн бо хабарнигорон гуфт: Ҷумҳурии исломӣ иттилооте дорад, ки нишон медиҳад аз шаҳрвандони эронӣ дар зиндонҳои Амрико ба хубӣ муроқибат намешавад.

Рабиӣ ҳамчунин дар бораи имкони табодули зиндониён байни Эрон ва Амрико гуфт: Теҳрон аз муддатҳо пеш эълом кардааст, ки барои табодули ҳамаи зиндониёни эронӣ ва амрикоӣ омодагӣ дорад, аммо Амрико то кунун аз посух додан худдорӣ кардааст.

Сухангӯи давлати Эрон таъкид кард: Давлати Амрико масъули ҷон ва саломати ҳамаи шаҳрвандони эронӣ аст.

 

Барчасп