Май 12, 2020 16:32 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли нахустин маҳмулаи кумакҳои беҳдоштӣ аз Эрон ба Тоҷикистон

Нахустин маҳмула аз кумакҳои пизишкӣ ва беҳдоштии остони Хуросони Разавии Эрон ба Тоҷикистон ирсол шуд.

Ба гузориши хабаргузории радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин маҳмула ба лиҳози ҳаҷмӣ шомили   ҳафт мошини боркаш ақломи  тиббӣ, фармасевтӣ ва тиббӣ ба монанди китҳои озмоишгоҳии ташхиси вируси  корона, доруҳои махсус барои муолиҷаи беморони Ковид- 19, ниқобҳо, дастпӯшҳо ва маводи зиддиуфуникунанда аст.

Ин маҳмула бо як парвози ихтисосии ширкати ҳавопаймои "Вориш" вобаста ба созмони ҳавопаймои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Душанбе фиристода шуд. 
 
 Ба гуфтаи Сайидалӣ Муфидӣ мудири масули ҳамоҳангкунандаи ирсоли кумакҳои башардӯстонаи ширкати ҳавопаймои Вориш, ин маҳмула дар чорчуби сиёсатҳои ҳимоятгари Ҷумҳурии Исломии Эрон аз кишварҳои даргири бемории корона ва ба ҳиммати остондории Хуросони Разавӣ ва ҳамкории ҳавопаймои Вориш ҷамъоварӣ ва ирсол шуд. 
 
 Вай таъкид кард ҷамъоварии бештари ақломи мавриди ниёзи ҷомеаи Тоҷикистон дар дастури кор аст ва ба зудӣ маҳмулаи баъди ирсол хоҳад шуд.

Барчасп