Май 13, 2020 12:50 Asia/Dushanbe
  • Вазорати хориҷаи Эрон ҳамлаҳои терорристии Афғонистонро маҳкум кард.

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон , ҳамлаи терорристии рӯзи сешанбе ба як бемористон дар Кобулро маҳкум кард.

Ба нақл аз ИРНА , Сайид Аббоси Мусавӣ зимни маҳкум кардани ҳамлаҳои терорристӣ ба як бемористон дар Кобул ва як маросими намози ҷаноза дар Нангарҳор аз густариши доманаи хушунатҳо дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард,

Мусавӣ ҳамчунин бо ибрози ҳамдардӣ бо давлат ва мардуми Афғонистон , ба вижа бозмондагони ҳодисаҳои ахир аз тамоми неруҳои даргир дар амалиёти низомӣ дархост кард ба ҳурмати моҳи мубораки рамазон ҳаргуна амалиёти низомиро мутавақиф ва заминаро барои гуфтугу ва сулҳи пойдор дар Афғонистон омода кунанд.

Дар ҳамлаи рӯзи сешанбе гуруҳи терорристии ДИИШ ба бемористоне дар ғарби шаҳри Кобул 15 ғайри низомӣ аз ҷумла чанд модар ва навзод ҷон бохтанд ва 16 нафари дигар захмӣ шуданд.

Дар ҳамлаи терорристии дигаре дар вилояти Нангарҳор низ 24 нафар кушта ва 68 нафар захмӣ шуданд.

Барчасп