Охирин омори коронавирус дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i53729-Охирин_омори_коронавирус_дар_Эрон
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: То кунун 94 ҳазору 464 нафар аз мубталоён ба коронавирус дар кишвар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 17, 2020 12:28 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори коронавирус дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: То кунун 94 ҳазору 464 нафар аз мубталоён ба коронавирус дар кишвар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон, дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар Эрон, бо баёни ин, ки дар 24 соати гузашта, 1806 бемори ҷадид шиносоӣ шудаанд, афзуд:

То кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 120 198 нафар дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд.

Ҷаҳонпур ҳамчунин бо ишора ба фавти 51 нафар дар 24 соати гузашта гуфт: Фавти ношӣ аз коронавирус дар Эрон ба 6988 нафар расидааст.