Май 18, 2020 17:37 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти барқи Эрон дар кишварҳои ҳамсоя

Мизони содироти барқи Эрон дар соли 2019 бо рушди 27 дар сад нисбат ба соли қабли он (2018) ба ҳудуди ҳашт миллиард киловатт соат расид.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли 2019 ба кишварҳои Арманистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Покистон, Афғонистон, Ироқ ва Ҷумҳурии Худмухтори Нахҷавон барқ содир кард. Маҷмӯи энергияи ирсолшудаи Эрон ба кишварҳои ҳамсоя  дар соли гузашта, 8 миллиарду 31 миллион киловатт соат будааст, ки мизони содироти барқи Эрон дар муқоиса бо соли 2018 ҳудуди як миллиарду 736 миллион киловатт соат афзоиш доштааст. Ироқ бо беш аз 82 дар сад, Афғонистон 9,7 дар сад, Покистон 6,4 дар сад ва Арманистон 0, 7 дар сад саҳми содироти барқи Эронро дар соли 2019 ба худ ихтисос дода буданд. Содироти барқи Эрон дар соли ҷорӣ( 2020) низ то аввали моҳи май бо рушди 19 дар сад нисбат ба соли қабл ба 436 миллион киловатт соат расидааст ва раванди мусбати содироти барқи Эрон ҳамчунон идома дорад.