Октябр 04, 2016 13:00 Asia/Dushanbe
  • Гузориши Сандуқи Байналмилалии Пул аз шароити иқтисодии Эрон

Сандуқи Байналмилалии Пул дар гузориши ахири худ аз беҳбуди қобили тавваҷуҳи шароити иқтисодӣ дар Эрон пас аз амалӣ шудани Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) хабар додааст.

Ин гузориш душанбе мунташир шуд ва дорои ёфтаҳои сафари ахири ҳайати коршиносии Сандуқи Байналмилалии Пул ба Эрон аст.

Дар ин гузориш омадааст: "Тайи шаш моҳи нахусти сол ва ба дунболи лағви таҳримҳо пас аз иҷрои Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак, нархи рушди тавлиди нохолиси дохилӣ афзоиши қобили таваҷҷӯҳеро таҷриба кардааст. Рақами тавлид ва содироти нафт ба суръат ба сутуҳи пеш аз эъмоли таҳримҳо бозгашта, ки ин амр ба хунсо намудани осори манфии ношӣ аз коҳиши қимати ҷаҳонии нафт кӯмак кардааст. Афзоиши фаъолият дар бахши кишоварзӣ, санъати худравсозӣ, тиҷорату хадамоти ҳамлу нақл ба беҳбуди рушд дар бахши ғайринафтӣ мунҷар шуда аст".

Ин гузориш меафзояд: "Пешбинӣ мешавад, тавлиди нохолиси дохилӣ дар соли 2016-17 (1395) рушди ҳадди ақали 4.5 дарсадиро таҷриба кунад".

Ҳамчунин бино бар ин гузориш, сиёсатҳои пуливу молии рӯйи даст гирифта тайи солҳои ахир ва муносиб будани қимати маводи ғизоӣ дар сатҳи байналмилалӣ, нархи таваррум дар ин кишварро коҳиш додааст.

Тибқи ин гузориш, нархи таваррум (нуқта ба нуқта ) шохиси баҳоии масрафкунанда дар хурдоди 1395 (июни 2016) то 6.8 дарсад коҳиш пайдо кард. Агарчӣ нархи таваррум нуқта ба нуқта дар шаҳривари 1395 (сентябри 2016) ба 9.5 дарсад афзоиш ёфтааст, аммо тибқи пешбинии ин ҳайат, интизор меравад нархи таваррум (мутавассити 12 моҳа) дар соли 2016-17 (1395) ба 9.2 дарсад бирасад.

Ин гузориш баён мекунад, Бонки марказӣ дар тӯли солҳои гузашта иқдомоти муҳиме дар ҷиҳати таҷдиди сохтори муассисоти молии ғайримуҷоз ва таҳти назорат қарор додани онҳо анҷом додааст.

Гузориши Сандуқи Байналмилалии Пул таъкид мекунад, ин гуна иқдомот метавонанд бесуботии молиро бартараф кунанд.

 

Барчасп