Май 19, 2020 18:20 Asia/Dushanbe
  • Бениёзии Эрон аз воридоти таҷҳизоти муқобила бо корона

Муовини раиси Ҷумҳурии Эрон гуфт: тамоми ниёзҳои Эрон дар муқобила бо вируси корона дар дохили кишвар таъмин мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сурно Сатторӣ муовини илмӣ ва фановарии раиси Ҷумҳурии Эрон рӯзи сешанбе ба хабарнигорон гуфт: ниёзи таҷҳизоти бемористонҳо дар муқобила бо корона, аз ҷумла таҷҳизоти утоқҳои ICU ва дигар бахшҳои бемористониро ширкатҳои донишбунёни дохилӣ тавлид мекунанд ва Эрон акнун ҳеҷ гуна таҷҳизоти пизишкиро барои муқобила бо корона ворид намекунад.

Сатторӣ ҳамчунин аз содироти китҳои ташхисии тавлиди ширкатҳои донишбунёни эронӣ хабар дод ва гуфт: китҳои тавлидӣ дар Эрон илова бар таъмини ниёзи кишвар, содир низ мешавад ва акнун ҳашт ширкати донишбунён тавонистаанд таъйидҳои лозим барои содироти китҳои ташхиси корона дарёфт кунанд.

 Муовини илмӣ ва фановарии раиси Ҷумҳурии Эрон афзуд: дар кишвар зарфияти тавлиди як миллион кити серологӣ лар рӯз ва як миллиону 500 адад кити ташхисии  PCR дар як моҳ вуҷуд дорад.