Охирин омори мубталоён ба Ковид-19 дар Эрон то 19 май
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i53808-Охирин_омори_мубталоён_ба_Ковид_19_дар_Эрон_то_19_май
То зуҳри рӯзи сешанбе 19 май, 124 ҳазору 603 нафар дар Эрон ба Ковид-19 мубтало шудаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 19, 2020 14:02 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори мубталоён ба Ковид-19 дар Эрон то 19 май

То зуҳри рӯзи сешанбе 19 май, 124 ҳазору 603 нафар дар Эрон ба Ковид-19 мубтало шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Киёнуш Ҷаҳонпур раиси маркази равобити умумӣ ва иттилорасонии Вазорати беҳдоши Эрон рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи охирин омори мубталоён ба Клвид-19 дар Эрон ҳамчунин гуфт: дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 111 бемори ҷадид дар кишвар шиносоӣ шудаанд.

Ҷаҳонпур афзуд: аз байни мубталоёни  ҷадид, 424 нафар дар бемористонҳо бистарӣ шуданд ва бақия пас аз муоина ва дарёфти тавсияҳои лозим раванди дармонро дар хонаҳояшон идома медиҳанд.

Вай ҳамчунин бо ишора ба фавти 62 нафар дар 24 соати гузашта гуфт: мавриди фавти ноши аз вируси корона дар Эрон ба 7 ҳазору 119 нафар расидааст.

Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилорасонии Вазорати беҳдошти Эрон гуфт: то кунун 97 ҳазору 173 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон беҳбуд ёфта аз бемористонҳо мураххас шудаанд.