Октябр 04, 2016 14:04 Asia/Dushanbe
  • Ҳароси Амрико аз инқилоби исломии Эрон

Раиси ҷумҳурии Сурияи гуфт, ҳароси Амрико, улгӯгирии миллатҳо аз инқилоби исломии Эрон аст.

Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия дар гуфтугӯ бо сардабири фаслномаи мутолеоти сиёсати хориҷӣ, чопи Теҳрон афзуд, кишварҳои ғарбӣ, ба вижа Амрико ба иллати ҳарос аз инқилоби исломии Эрон, ба Арабистони Саудӣ дастур додаанд дар чорчӯби рақобатҳои гурӯҳӣ дар минтақа гом бардорад.

Башор Асад гуфт, Амрико қабл аз шурӯи буҳрон дар Сурия исрор дошт, Димишқ зидди меҳвари муқовимату Ҷумҳурии исломии Эрон нақш ифо кунад, аммо Сурия ҳечгоҳе ин масъаларо напазируфт.

Раиси ҷумҳурии Сурия таъкид кард, Амрико исрор дошт Сурия дар чорчӯби тарҳи созиш, ки ҳадафи он нодида гирифтани ҳуқуқи миллати мазлуми Фаластин аст, гом бардорад.

Башор Асад таъкид кард, ҳамакнун Сурия маркази аслии мубориза бо тероризм аст ва таҳаввулоти Сурия бар нақшаи сиёсии ҷаҳон асаргузор хоҳад буд.

Раиси ҷумҳурии Сурия бо таъкид бар ин ки давлати Димишқ барои муҳофизат аз ҳокимият, мардум, манофеи миллии кишвараш муқовимат мекунад, афзуд: "Эрон дар пойдории Сурия нақши асосӣ ифо мекунад ва ин бар ҳамагон шинохташуда аст.