Узви Ситоди истеҳлол: Фардо ба эҳтимоли зиёд иди саиди Фитр аст
(last modified Sat, 23 May 2020 11:56:33 GMT )
Май 23, 2020 16:56 Asia/Dushanbe
  • Узви Ситоди истеҳлол: Фардо ба эҳтимоли зиёд иди саиди Фитр аст

Узви Ситоди истеҳлоли Дафтари раҳбари муаззами инқилоби исломӣ эълом кард: Аз ғуруби имрӯз (шанбе) 100 гурӯҳи расадӣ дар вилоятҳои мухталиф бо баҳрагирӣ аз таҷҳизоти муносиб, барои дидани ҳилоли моҳи шавол фаолият хоҳанд кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, ҳуҷҷатулислом Алиризо Муваҳҳиднажод- узви Ситоди истеҳлоли Дафтари раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуд: Бар асоси пешбинии коршиносон, ҳилоли моҳи шавол дар ғуруби имрӯз қобили дидан аст ва тибқи тақвим, фардо (якшанбе) аввали шавол, иди саиди Фитр бошад. Имсол бо таваҷҷуҳ ба шуйюи коронавирус дар ҷаҳон намози иди Фитр дар бархе аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ баргузор намешавад ва ё дар бархе дигар аз ин кишварҳо бо риояти протоколҳои беҳдоштӣ ба гунае мутафовит бо солҳои пеш баргузор хоҳад шуд.