Октябр 04, 2016 17:18 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Амният рукни асосии пешрафт аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва фармондеҳи кулли қувои нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, амниятро аз аркони асосии рушду пешрафти Эрони исломӣ донистанд.  

Ба иттилои пойгоҳи иттилоърасонии раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ҳазрати Оятуллоҳ аъзамии Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имрӯз дар дидори фармондеҳон ва масъулони нерӯи интизомии ҷумҳурии исломии Эрон, амниятро оромиши равонии фардӣ ва оромиши умумии иҷтимоӣ баршумурданд ва афзуданд: Дар набуди амният ҳатто бо вуҷуди тавоноӣ ва ангеза дар миёни афроди як ҷомеа, имкони фаъолиятҳои мутанаввии иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва хадамотӣ аз байн меравад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар нақши муҳими нерӯи интизомӣ дар барқарорри амният фармуданд: Тавоноиҳо ва омодагиҳои нерӯи интизомӣ ва азм ва имкони коркунони он бояд рӯз ба рӯз иртиқо пайдо кунад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ амниятро мояи афзоиши имони муъминон донистанд ва гуфтанд: Аз муҳимтарин аркони амнияти Эрон нерӯи интизомӣ аст ва ин рукни азими амниятро нерӯҳои инсонӣ, ки ағлаби онҳо коромад, шариф ва заҳматкаш ҳастанд, ташкил додаанд ва бояд доиман азм, имон, ангеза ва рӯҳияи ин нерӯҳо тақвият шавад.