Май 27, 2020 09:32 Asia/Dushanbe
  • Дидори ҳайати эронӣ бо раиси Шурои олии мусолиҳаи Афғонистон

Муовини ҳуқуқии Вазорати умури хориҷаи Эрон, ки дар садри ҳайате ба Кобул сафар кардааст, бо раиси Шурои олии мусолиҳаи Афғонистон дидор ва дар бораи ҳодисаи марзии байни ду кишвар гуфтугӯ кард.

Дар пайи интишори клипе аз сӯи бархе шабакаҳои маонид дар хусуси ба рудхона андохтани шаҳрвандони афғон тавассути марзбонони эронӣ, марзбонии неруи интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз баррасии ин мавзӯъ, иддаоҳои шабакаҳои маонидро такзиб кард.

Ба гузориши ИРНО, дар дидори шомгоҳи сешанбеи Муҳсини Баҳорванд- муовини ҳуқуқии Вазорати умури хориҷаи Эрон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ- раиси Шурои олии мусолиҳаи Афғонистон, натоиҷи таҳқиқот дар бораи ҳодисаи марзии байни ду кишвар баррасӣ шуд.

Муҳсини Баҳорванд- муовини ҳуқуқии Вазорати умури хориҷаи Эрон бо маҳкум кардани ҳодисаи рудхона андохтани шаҳрвандони афғон, бар ҳусни равобит байни Эрон ва Афғонистон ва ҳамкории ҷиддӣ бо гурӯҳи таҳқиқ ва расидагӣ ба ин мавзӯъ таъкид кард.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ- раиси Шурои олии мусолиҳаи Афғонистон низ гуфт:  Афғонистон хоҳони таҳқиқот ва расидагии ҷиддӣ ва одилона ба ин ҳодиса аст.

Саидрасул Мусавӣ- дастёри вазир ва мудири кулли Осиёи Ғарбии Вазорати умури хориҷаи Эрон, ки дар ҳайати сафарбаршудаи Эрон ба Кобул ҳузур дорад, пас аз ин дидор дар твитте навишт, Ҳарируд Эрон ва Афғонистонро дар тули таърих ба ҳам пайванд зада ва муттасил карда ва душманони равобити ду кишвар, ҳаргиз наметавонанд аз ҳодисаи Ҳарируд баҳрабардорӣ кунанд.

 

Барчасп