Май 27, 2020 11:14 Asia/Dushanbe
  • Паёми раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба Маҷлиси нави Эрон

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати оғоз ба кори ёздаҳумин давраи Маҷлиси Шурои исломии Эрон, бар иқтисод ва фарҳанг ба унвони нахустин авлавиятҳои Эрон таъкид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин паём, ки субҳи имрӯз чаҳоршанбе ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳаммади Муҳаммадии Гулпойгонӣ онро дар ифтитоҳияи ёздаҳумин давраи Маҷлиси Шурои исломӣ қироат кард, яке аз илзомоти дар раъси умур будани маҷлисро ҳузури намояндагони фаол, муназзам, покдаст, амонатдор ва дорои шинохт аз шароит ва авлавиятҳои кишвар донистанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёми худ, намояндагони Маҷлиси Шурои исломиро ба масоиле ҳамчун авлавият додан ба маишати табақоти заиф, ислоҳи хутути аслии иқтисод мисли иштиғол, тавлид ва таваррум, риояти тақво ва инсоф дар анҷоми вазифаҳои назоратӣ, мавзеъгириҳои инқилобӣ дар ҳаводиси муҳим ва таомули бародарона бо қувои муҷрия ва қазоия тавсия карданд.

Ишон, таъбири имом Хумайнӣ (ра)  бар асоси дар раъси умур будани маҷлисро ҷомеътарин тавсиф барои шаъну вазифаи маҷлис донистанд ва афзуданд: Агар қонунро роҳи кишвар ба самти қуллаҳо ва мақсадҳои муаяншуда дар қонуни асосӣ бидонем, маҷлис, мутааҳҳиди ин райлгузорӣ ва раҳгушоии ҳаётӣ аст. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо таъкид бар зарурати ҳаракати ҳамагон дар масири қонун, ба зарфиятҳои мавҷуд барои замонати иҷрои қонун дар қувваи қазоия ва дар маҷлис монанди ҳаққи таҳқиқ ва тафаҳҳус, ҳаққи рад ва қабули мудирони аршади давлат ва ҳаққи тазаккур, савол ва истезоҳ ишора карданд ва гуфтанд: Агар қонун, дуруст ва басанда ва қобили иҷро бошад ва аз замонатҳои иҷрои он ба дурустӣ истифода шавад, кишвар ба ҳадафҳои волои худ даст меёбад.

 

Барчасп