Май 27, 2020 21:18 Asia/Dushanbe
  • Пахши зиндаи суханронии Раҳбари инқилоб дар солгарди реҳлати имом Хумайнӣ (раҳ)

Дабири ситоди марказии бузургдошти имом Хумайнӣ (раҳ) гуфт, дар рӯзи солгарди имом Хумайнӣ, сӯҳбатҳои раҳбарӣ ба сурати зинда пахш мешавад.

Муҳаммадалии Ансорӣ, дабири ситоди марказии бузургдошти имом Хумайнӣ (раҳ) дар нишасти хабарии бузургдошти маросими реҳлати имом Хумайнӣ (раҳ) изҳор дошт: Фалсафаи маросими имрӯз дар ибтидо фурсате барои табодули назар дар бораи баргузории маросими рӯзи чаҳордаҳи хурдод дар ҳарами мутаҳҳари имом бо иноят ба дастуроту мурооти ҳамаи илзомоти беҳдоштӣ аст.

Ӯ идома дод, барои эҳтиром ба саломати мардум рӯзи чаҳордаҳуми хурдод дар ҳарами мутаҳҳари имом маросим надорем, албатта таклиф шуд, ки сӯҳбатҳои раҳбарӣ ҳамчунон ба сурати зинда пахш шавад.

Дабири ситоди марказии бузургдошти имом Хумайнӣ афзуд, маҳсулоти фарҳангӣ бо мавзӯоти солрӯзи реҳлати ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) ва 15 хурдод барои истифода дар фазои маҷозӣ тавлид шуда ва қарор аст аз рӯзи шанбе дар байни умум тақси шавад.

Дастгоҳҳои марбута метавонанд дар манотиқи сафеди кишвар мардумро ба масоҷид даъват кунанд ва ҳадди ақал маросимеро дар ҳусайнияҳо ва масоҷид дошта бошанд ва суханони раҳбариро низ гӯш кунанд.