Май 28, 2020 10:16 Asia/Dushanbe
  • Қолибоф бо 230 овоз раиси Маҷлиси ёздаҳум шуд

Муҳаммадбоқири Қолибоф дорои аксарияти овозҳои вакилони миллат шуд ва барои соли нахусти иҷлосияи ёздаҳум ба курсии раёсати маҷлис такия зад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, нишасти алании субҳи имрӯз (панҷшанбе)-и Маҷлиси Шурои исломӣ бо дастури кори интихоби ҳайати раисаи Маҷлиси ёздаҳум барои соли аввал оғоз шуд.

Муҳаммадбоқири Қолибоф дорои аксарияти овозҳои вакилони миллат шуд ва барои соли нахусти иҷлосияи ёздаҳум ба курсии раёсати маҷлис такия зад.

Барои ин симат, илова бар Қолибоф, Фаридуни Аббосӣ ва Мустафо Оқомирсалим низ кондид шуда буданд.