Амнияти Халиҷи Форс аз дидгоҳи Эрон, ҳузури бегонагон дар минтақа иштибоҳе роҳбурдӣ
(last modified Sat, 30 May 2020 10:44:36 GMT )
Май 30, 2020 15:44 Asia/Dushanbe
  • Амнияти Халиҷи Форс аз дидгоҳи Эрон, ҳузури бегонагон дар минтақа иштибоҳе роҳбурдӣ

Агар минтақаи Халиҷи Форс амн бошад, ҳамаи кишварҳои минтақа аз ин амният баҳраманд хоҳанд шуд, аммо агар Халиҷи Форс ноамн шавад, барои ҳамаи кишварҳои минтақа ноамн хоҳад буд.

Амир Ҳотамӣ- вазири дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи ҷумъа дар ҷараёни боздид аз мароҳили поёнии сохт ва таҷҳизи новшикани Дино ва шиновари минашикори Сабо дар Бандараббос бо баёни ин мавзӯъ таъкид кард : Кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс масъули таъмин ва барқарории амнияти ин минтақа ҳастанд ва иҷозаи вуруд ба Амрико дар минтақа аз сӯи ҳамсоягон, як иштибоҳи роҳбурдӣ аст.

Сиёсати Эрон дар баробари амният дар минтақа бар асоси Доктринаи амнияти ҷамъӣ аст ва бар ҳамин асос, Эрон ноамнӣ дар минтақаро ба зиёни ҳамаи кишварҳои минтақа медонад. Амният дар Халиҷи Форс низ аз ин асл мустасно нест.

Роҳбурди Эрон барои эҷоди сулҳу суботи минтақа чандваҷҳӣ аст . Ин роҳбурдро метавон дар ду сатҳ таҳлил кард:

Сатҳи нахуст; шомили роҳбурдҳои амниятӣ барои муқобила бо таҳдидҳои мустақим алайҳи амнияти кишвар аст. Дар ин замина Доктринаи низомии Эрон бар мабнои боздорандагӣ ва дафъи таҳдидҳо аз марзҳои Эрон таъриф шудааст.

Сатҳи дуввум дар роҳбурди амниятии Эрон, таъкид бар ҳамгароиҳои минтақаӣ аст.

Ин ду роҳбурд дар канори ҳам лозимаи сохтани минтақае амн бар асоси фаҳми муштарак аз манофеи ҷамъӣ аст, ки на танҳо барои амният дар Халиҷи Форс, балки барои кулли ҷаҳон, зарурӣ аст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мувоҷеҳа бо таҳдидҳо чи ҷангу терроризм ва чи ноамнии баҳрӣ хоҳони ҳамкорӣ ва мушорикати кишварҳои минтақа дар тарҳҳои муштараки амниятӣ будааст ва бо якҷонибагароие, ки дар он як кишвар бихоҳад бо  иҷроии зур дигаронро ба сайтараи хеш дароварад, мухолифати сареҳ кардааст.

Неруи баҳрии Эрон бо иқтидор аз амният дар Халиҷи Форс сиёнат (ҳифозат) мекунад ва бо руҳияе боло омодаи муқобила бо таҳдидҳо аст ва дар арсаи амниятафзоӣ барои обҳои сарзаминӣ ва фаросарзаминӣ ин зарфиятҳоро ба намоиш гузоштааст.

Сардор сарлашкар Ҳусайни Саломӣ- фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ҳам рӯзи панҷшанбе дар маросими таҳвили 100 шиновар ба неруи баҳрии сипоҳ дар Бандараббос, бо таъкид бар ин ки Эрон мехоҳад қаламрави қудрати дифоъии худро то дурдаст имтидод диҳад тасреҳ кард: Неруи баҳрии сипоҳ имрӯз маъмурият дорад то доманаи қудрати таъсири дифоъи баҳрии инқилоб ва низомро то ҷое имтидод диҳад, ки ба дифои итминонбахш аз истиқлол ва тамомияти арзӣ ва ҳифзи манофеи баҳрӣ ва таъқиб ва нобудии душман дар дурдаст расид.

Ҳузури новгони киштиронии Эрон дар чаҳор масири иқтисодии ҷаҳон дар шимоли уқиёнуси Ҳинд ва анҷоми маъмуриятҳои баҳрӣ дар уқиёнуси Атлантик ҳокӣ аз ин тавонмандӣ дар арсаҳои баҳрӣ аст. Аҳамияти ин зарфиятҳо дар қолаби Доктринаи дифоии Эрон барои пешгирӣ аз вуқуи ҷанг аст.

Таҷрибаи наздик ба як қарн нишон медиҳад бегонагон ҳамвора ба баҳонаи амниятсозӣ дар Халиҷи Форс омили ноамнӣ ва буҳронсозӣ дар ин минтақа будаанд, онҳо бо Эронҳаросӣ ва эҷоди буҳрон дар минтақаи Халиҷи Форс ва сипас эҷоди вобастагии амниятӣ барои кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс дар пайи фуруши миллиардҳо доллар силоҳ ва ҳифзи пойгоҳҳояшон дар минтақа ҳастанд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеҷгоҳ оғозгари ҷанг дар минтақа ва ё хориҷ аз минтақа набуда, аммо агар мавриди таҳдид ва ё таарруз (таҷовуз) қарор гирад бо қудрат ва бо шиддат аз амнияти худ дифоъ мекунад.