Зилзилаи 4.7 рихтерӣ ҷануби Эронро ларзонд
Июн 01, 2020 09:13 Asia/Dushanbe
Зилзилае ба бузургии 4.7 дар миқиёси рихтер, бомдоди имрӯз (душанбе) ҳаволии шаҳри Хонҷ дар вилояти Форси Эронро ларзонд.
Ба гузориши маркази ларзанигории кишварии Муассисаи геофизики Донишгоҳи Теҳрон, ин заминларза соати 4 ва 29 дақиқа ва дар умқи 2 километрии замин дар ҷануби Эрон ба вуқуъ пайваст.
Ин заминларза дар 216 километрии шаҳри Шероз- маркази вилояти Форс ва 273 километрии шаҳри Бушеҳр дар ҷануби Эрон рух дод.
То кунун гузорише аз хисоратҳои эҳтимолии ин заминларза мунташир нашудааст.