Июн 04, 2020 16:41 Asia/Dushanbe
  • Понздаҳуми хурдод; оғози наҳзати бузурги исломии миллати Эрон

Имрӯз понздаҳуми хурдод (чоруми июн) мусодиф бо солрӯзи қиёми таърихии имом Хумайнӣ (р) дар 1342 шамсӣ аст.

Панҷоҳу ҳафт сол пеш, иқдомоти режими шоҳ ва Амрико барои нобудии ислом ва ғорати Эрон, имом Хумайнӣ (р)-ро бар он дошт, то бо баёния‎ ва эроди суханрони‎ҳои муҳим, нақшаҳои шуми ононро ифшо кунад.

Ин хезиши таърихӣ, шурӯи рӯёрӯии наҳзати исломӣ дар баробари ҳукумати истибдодии режими паҳлавӣ буд ва шароити муносиберо барои шакл‎гирии мабонии фикрӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии инқилоби исломӣ фароҳам овард.  

Бо вуҷуди фишори нерӯҳои амниятии режими паҳлавӣ ва мамониат аз суханронии рӯҳониён, дар моҳи муҳаррам дар бораи ҷиноят‎ҳои режими Исроил ва хатароте, ки исломро таҳдид ме‎кард, имом Хумайнӣ (р), ки нишон дода буданд, дар мубориза бо истибдод маҳкам ва устувор ҳастанд, дар 13 хурдоди 1342 суханони кӯбандаеиро зидди режими паҳлавӣ баён карданд.

Барчасп