Понздаҳуми хурдод; оғози наҳзати бузурги исломии миллати Эрон
Имрӯз понздаҳуми хурдод (чоруми июн) мусодиф бо солрӯзи қиёми таърихии имом Хумайнӣ (р) дар 1342 шамсӣ аст.
Панҷоҳу ҳафт сол пеш, иқдомоти режими шоҳ ва Амрико барои нобудии ислом ва ғорати Эрон, имом Хумайнӣ (р)-ро бар он дошт, то бо баёния ва эроди суханрониҳои муҳим, нақшаҳои шуми ононро ифшо кунад.
Ин хезиши таърихӣ, шурӯи рӯёрӯии наҳзати исломӣ дар баробари ҳукумати истибдодии режими паҳлавӣ буд ва шароити муносиберо барои шаклгирии мабонии фикрӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии инқилоби исломӣ фароҳам овард.
Бо вуҷуди фишори нерӯҳои амниятии режими паҳлавӣ ва мамониат аз суханронии рӯҳониён, дар моҳи муҳаррам дар бораи ҷиноятҳои режими Исроил ва хатароте, ки исломро таҳдид мекард, имом Хумайнӣ (р), ки нишон дода буданд, дар мубориза бо истибдод маҳкам ва устувор ҳастанд, дар 13 хурдоди 1342 суханони кӯбандаеиро зидди режими паҳлавӣ баён карданд.