Июн 05, 2020 18:44 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба пешниҳоди раисҷумҳури Амрико

Вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба пешниҳоди раисҷумҳури Амрико барои музокира эълом кард, ин Вашингтон буд, ки музокираро тарк кард.

Ба гузориши шабакаи “Алолам”, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷумъа ба қадрдонии думартабаии Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида аз Эрон ба хотири озод кардани як низомии собиқи амрикоӣ ва пешниҳоди ӯ барои музокира, посух дод.

Зариф дар сафҳаи Твиттери худ бо ба иштирок гузоштани тасвире аз паёми ташаккури Трамп, хитоб ба вай навишт: “Мо бар хилофи талошҳои зердастони шумо, ба табодули инсондӯстона даст ёфтем”.

Вай дар вокуниш ба дархости Трамп аз Эрон барои тавофуқи ҷадид бо Амрико низ ба ӯ ёдовар шуд: “Замоне, ки шумо вориди дафтар [раёсатҷумҳурӣ]-и шудед, мо тавофуқе доштем. Эрон ва дигар аъзои БарҶом ҳаргиз мизи музокираро тарк накарданд”.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин навишт: “Мушовирони шумо, ки аксаран то кунун ихроҷ шудаанд, қимори аҳмақонае анҷом доданд. Ин ки чӣ замоне бихоҳед он [иштибоҳ]-ро ислоҳ кунед, ба тасмими шумо бастагӣ дорад”.

Пас аз он ки Эрон як шаҳрванди зиндонии амрикоиро озод кард, Доналд Трамп дар сафҳаи расмии Твиттери худ илова бар қадрдонӣ, аз Эрон хост, барои расидан ба тавофуқи бузург то баъд аз интихоботи Амрико мунтазир намонад.

 

Барчасп