Октябр 05, 2016 10:35 Asia/Dushanbe
  • Омӯзиши забони форсӣ ба форсиомӯзони мадориси Арманистон

Донишомӯзони форсиомӯзи мадориси Арманистон, аз ин пас бо китобҳои форсии мадориси Эрон ин забонро фаро мегиранд.

Ба гузориши рӯзи сешанбеи радиои армании бурун‌марзӣ, бо ҳузури Маҷиди Мишкӣ, ройзани фарҳангии ҷумҳурии исломии Эрон дар Арманистон ва масъулони Вазорати омӯзиш ва улум, мудирон, муаллимон ва донишомӯзони форсиомӯзи ин кишвар аз китобҳои форсӣ, ки дар Эрон тадрис мешавад, рӯнамоӣ шуд .

Маҷиди Мишкӣ, дар ойини рӯнамоӣ аз китобҳои форсии мадориси Эрон дар Арманистон тасреҳ кард, ин иқдоме торихист, зеро шояд нахустин бор аст, ки китобҳои форсии мадориси Эрон дар кишваре дигар тадрис мешавад .

Мишкӣ афзуд: Ин иқдом ба тавсеаи ҳамкориҳои омӯзишии Эрон ва Арманистон кумаки шоёне хоҳад кард .

Гаяна Согомоня, мудири бахши омӯзиши шаҳрдории Ереван ҳам дар ин ойин гуфт: Ин иқдом дар чорчуби омӯзиши муассири забони форсӣ ба донишомӯзи арманӣ аҳаммият дорад ва умед меравад, дар оянда афзоиши имконоти омӯзиши забони форсӣ дар Арманистон мушоҳида шавад .

Бар асоси ин гузориш, дар натиҷаи ҳамкории ниҳодҳои омӯзишӣ-фарҳангии Эрон ва Арманистон, забони форсӣ дар ин кишвар тавсеаи чашмгире ёфтааст .

Дар ҳоли ҳозир дар 12 мадрисаи Арманистон, забони форсӣ тадрис мешавад ва беш аз ҳазору дусад нафар аз донишомӯзони арманӣ дар ин мадорис забони форсӣ фаро мегиранд.