Охирин омори Ковид-19 дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i54365-Охирин_омори_Ковид_19_дар_Эрон
Ду ҳазору 95 бемори ҷадиди Ковид-19 дар 24 соати гузашта дар Эрон шиносоӣ шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 09, 2020 12:59 Asia/Dushanbe

Ду ҳазору 95 бемори ҷадиди Ковид-19 дар 24 соати гузашта дар Эрон шиносоӣ шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симо Саодат Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта ду ҳазору 95 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар кишвар шиносоӣ шуданд, ки 901 нафар аз онон бистарӣ шудаанд. 

Лорӣ афзуд: дар 24 соати гузашта, 74 бемори Ковид-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ низ ба 8 ҳазору 425 нафар расид.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон маҷмӯи беморони Ковид-19 дар Эрон ба 175 ҳазору 927 нафар расидааст, ки то кунун 138 ҳазору 457 нафар аз беморон, беҳбуд ёфтаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз ҳафт миллиону 220 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам 410 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди се миллиону 555 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.