Охирин омори беморони “Ковид – 19” дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i54387-Охирин_омори_беморони_Ковид_19_дар_Эрон
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии ҳудуди ду ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба “Ковид – 19” ва беҳбудии беш аз 140 ҳазор нафар дар кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 10, 2020 13:17 Asia/Dushanbe

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии ҳудуди ду ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба “Ковид – 19” ва беҳбудии беш аз 140 ҳазор нафар дар кишвар хабар дод.

Симо Содот Лорӣ рӯзи чаҳоршанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон гуфт, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта ду ҳазору 11 бемори ҷадиди мубтало ба “Ковид – 19” дар кишвар шиносоӣ шуда, ки 811 маврид бистарӣ ва бақия низ ба сурати сарипоӣ хадамотрасонӣ шуданд.

Лорӣ афзуд, маҷмӯи беморони “Ковид – 19” дар Эрон ба 177 ҳазору 938 нафар расидааст ва дар тӯли 24 соати гузашта 81 бемор ҷони худро аз даст доданд.

Ба ин тартиб, маҷмӯи ҷонбохтагони “Ковид – 19” дар Эрон то кунун ба ҳашт ҳазору 590 нафар расидааст.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон ҳамчунин ёдовар шуд, то кунун 140 ҳазору 590 нафар аз беморони “Ковид – 19” беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз ҳафт миллиону 345 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам 414 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди се миллиону 620 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфтаанд.