Сарлашкар Саломӣ: Намодҳои абарқудратии Амрико дар ҳоли фурӯ рехтан аст
(last modified Wed, 10 Jun 2020 13:03:51 GMT )
Июн 10, 2020 18:03 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Саломӣ: Намодҳои абарқудратии Амрико дар ҳоли фурӯ рехтан аст

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, ҳамаи намодҳое, ки Амрико тавассути онҳо худро муаррифӣ мекард ва тасвире ғайривоқеӣ ба ҷаҳон ироа медод, дар ҳоли фурӯ рехтан аст.

Сардори сарлашкар Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ субҳи имрӯз (чаҳоршанбе) дар маросиме бо ишора ба заволи зудрас ва шитобдори душманони Эрон, ба хусус Амрико гуфт: Амрико бо мафоҳими зебо худро муаррифӣ мекард, аммо воқеиятҳои дардолуди ҷомеаи ин кишвар, ки махфӣ монда буд, дар ҳоли ошкор шудан аст.

Сарлашкар Саломӣ афзуд, амрикоиҳо худро маҳалли озодӣ ва иқтидори ҳуқуқи башар медонистанд, аммо ҳамаи ин намодҳо фурӯ рехт ва тамоми ин маонӣ ранг бохт.

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар идома бо таъкид бар ин ки ҳаракати киштиҳои эронӣ дар дарёҳои озод аз халиҷи Форс то Венесуэла, таҳмили ирода ва тамрини иқтидори Ҷумҳурии Исломии Эрон буд, гуфт: имрӯз миллати Эрон дар авҷи иқтидор ва иззат мушкилотро пушти сар мегузорад.

Эрон ахиран бо вуҷуди таҳримҳои ғайриқонунии Амрико, 5 нафткаши ҳомили бензин барои Венесуэла ирсол кард.

Паҳлӯ гирифтани нафткшҳои Эрон дар бандарҳо ва полоишгоҳҳои Венесуэла дар ҳоле анҷом шуд, ки пеш аз ин давлати Амрико таҳдид ба иқдом барои мамониат аз расидани ин нафткшҳо ба савоҳили Венесуэла карда буд.