Охирин омори мубталоён ба КОВИД-19 дар Эрон то 13 июн
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i54473-Охирин_омори_мубталоён_ба_КОВИД_19_дар_Эрон_то_13_июн
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз ду ҳазор бемори ҷадиди КОВИД-19 ва беҳбудии ҳудуди 147 ҳазор нафари дигар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 13, 2020 12:49 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори мубталоён ба КОВИД-19 дар Эрон то 13 июн

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз ду ҳазор бемори ҷадиди КОВИД-19 ва беҳбудии ҳудуди 147 ҳазор нафари дигар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симосодоти Лорӣ рӯзи шанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон эълом кард: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта ду ҳазору 410 бемори ҷадиди КОВИД-19 дар кишвар шиносоӣ шуданд, ки 714 маврид бистарӣ шуда ва бақия низ баъд аз муоина, дар хона давраи дармонро хоҳанд гузаронд.

Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони КОВИД-19 дар Эрон ба 184 ҳазору 955 нафар расидааст, афзуд: Дар тӯли 24 соати гузашта 71 бемор ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ низ ба ҳашт ҳазору 730 нафар расид.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон ёдовар шуд то кунун 146 ҳазору 748 нафар аз беморон беҳбуд ёфтаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба КОВИД-19 дар ҷаҳон низ ба беш аз ҳафт миллиону 760 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод  камаш 429 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди чаҳор миллион нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.