Охирин омори мубталоён ба коронавирус дар Эрон; беҳбудии ҳудуди 149 ҳазор нафар
(last modified Sun, 14 Jun 2020 11:27:54 GMT )
Июн 14, 2020 16:27 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори мубталоён ба коронавирус дар Эрон; беҳбудии ҳудуди 149 ҳазор нафар

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, аз шиносоии беш аз 2 ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба коронавирус ва беҳбудии 149 ҳазор нафар дар кишвар хабар дод.

Симо Содоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар ишвар эълом кард: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 2 ҳазору 472 бемори ҷадиди мубтало ба коронавирус дар кишвар шиносоӣ шуда, ки 864 маврид бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хадамот ироа шуд.

Лорӣ бо баёни ин, ки маҷмӯи беморони коронавирус дар Эрон ба 187 ҳазору 427 нафар расидааст афзуд:

Дар тӯли 24 соати гузашта, 107 бемор ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ низ ба 8 ҳазору 837 нафар расид.

Вай ҳамчунин изҳор дошт: То кунун, 148 ҳазору 674 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.