Охирин омори мубталоён ба корона дар Эрон
Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон аз шиносоии ҳудуди 2 ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона ва беҳбудии беш аз 150 ҳазор нафар дар кишвар хабар дод.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, "Симо Содот Лорӣ" рӯзи душанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар эълом кард: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 449 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар кишвар шиносоӣ шудааст, ки 842 маврид бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хадамот ироа шуд.
Лорӣ бо баёни ин, ки маҷмӯи беморони Ковид-19 дар Эрон ба 189 ҳазору 876 нафар расидааст, афзуд: дар тӯли 24 соати гузашта, 113 бемор ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ низ ба 8 ҳазору 950 нафар расид.
Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон ёдовар шуд: то кунун 150 ҳазору 590 нафар аз беморон, беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.
Бар асоси ин гузориш, то кунун ҳудуди як миллиону 270 ҳазор озмоиши ташхиси Ковид-19 дар Эрон анҷом шудааст.