Июн 15, 2020 21:29 Asia/Dushanbe
  • Осиёи Марказӣ ва Парлумони Эрон; Тармими равобит бо нигоҳ ба шарқ

Бо ишора ба пирӯзии усулгароён дар интихоботи парлумонии Эрон, коршиноси сиёсии Русия таҳкими ҳамкориҳои миёни "Теҳрон" ва кишварҳои Осиёи Марказиро дар оянда хабар дод.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи Миёна, коршиноси маркази таҳлилии "Валадай"- и Русия "Фарҳод Иброҳимов"  дар ёддошти таҳлилӣ  аз таъсири интихоби намояндагони ҷадид дар Шӯрои Исломии Эрон бо ҷаҳон ва минтақаи Осиёи Марказӣ хабар дод.

Дар ёддошт омадааст, ки дар охирҳои моҳи май дар низоми сиёсии Эрон дигаргуниҳои ҷиддӣ рух додаанд. Дар 12 соли охир, раиси порлумон тағир наёфт ва ҳоло Муҳаммад Боқир Қолибоф, шаҳрдори пешини Теҳрон, бар курсии Алӣ Лориҷонӣ, собиқ раиси порлумон қарор гирифтааст.

Коршиноси маркази таҳлилии "Валадай"-и Русия афзуд: "Дар ҳоли ҳозир Қолибоф кори душворе пеши ру дорад ва мансуб шудан ба унвони раиси порлумон пирӯзии воқеӣ нест, зимни ин, ки бояд талош кунад то битавонад муттаҳидони худро дар курсиҳои калидӣ қарор диҳад ва ҳамчунин ҳимояти дигари мақомоти кишварро ҷалб кунад. Фақат пас аз ин таҳаввулот Қолибоф метавонад кори худро пеш бибарад.

Ӯ гуфт: барои расидан ба ин ҳадаф вай бояд дар марҳилаи нахуст барои ҳалли масоили дохилӣ талош кунад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки парлумон дар муқоиса бо кобинаи вузарои дороии ихтиёрот бештар аст, Қолибоф барои баровардани ин ниёзҳо қудрати лозимро дорад.

Коршиноси маркази таҳлилии "Волдай" -и Русия гуфт: яке аз бахшҳои муҳими табодуллоти иқтисодии Эрон ва кишварҳои Осиёи марказӣ аст, ки оморҳои марбут ба мубодилоти  тиҷории Эрон бо кишварҳои Осиёи марказӣ нишондиҳандаи уфти шохисҳои иқтисодӣ аст.

Коршиноси маркази таҳлилии "Валадай" -и Русия изҳор кард:  бар асоси иттилооти Вазорати иқтисоди милии Қазоқистон аз соли 2014 мубодилоти тиҷории Эрон ва Қазоқистон коҳиши се баробарӣ дошта, 5 сол пеш тиҷорати дуҷониба дар ҳудуди як миллион доллар ва дар соли 2019 ин шохис фақат мизони 302 миллион доллар буд.

Фарҳод Иброҳимиён афзуд: ин омор каму беш дар равобити тиҷорӣ бо дигар кишварҳои Осиёи марказӣ низ дида мешавад, ки албатта фишори таҳримҳои Амрико бар Эрон нақши ҷиддӣ дошт, аммо дар муддати раёсати Аҳмад Наҷот бо вуҷуди фишори Амрико омори равобити Эрон бо Осиёи Марказӣ дар ҳадди матлуб буд.

Ӯ гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба ин омил метавон пешбинӣ кард, Қолибоф иқдом ба бозсозии равобити Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мекунад.

 

"Пас аз бозгашти усулгароён  ба парлумони Эрон ва вуруди эҳтимолии онҳо ба кобина, талошҳои Эрон барои густариши равобит бо Осиёи Марказӣ афзоиш хоҳад ёфт, аммо онҳо дар ин росто бо мушкилоти мухталиф рӯ ба рӯ хоҳанд шуд ва дар ин бобат чораҳо дида мешаванд.д" , гуфт Фарҳод Ибрахимов, коршиноси Маркази таҳлилии "Валадай" -и Русия.