Июн 16, 2020 21:28 Asia/Dushanbe

Вазорати умури хориҷаи Эрон ва Россия дар баёнияи муштарак бар мухолифат ба якҷонибагароие, ки шеваи маъмулии Америка ва бархе муттаҳидони ғарбии ин кишвар дар арсаи байналмиллалӣ шудааст, таъкид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, ин баёния бо унвони "Эъломияи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Федерасияи Россия дар заминаи иртиқои ҳуқуқи байналмиллалӣ" дар 13 банд танзим шуда ва рӯзи сешанбе дар маросими расмӣ ба имзои Мухаммадҷавод Зариф вазири умури хориҷаи Эрон ва Сергей Лавров ҳамтои русии вай расид. 

Дар ин баёния омадааст: Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Федерасия Россия мусаммам ҳастанд бо рӯйкардҳои ғайриқонунии якҷониба дар ҳал ва фасли бӯҳронҳои ҷаҳонӣ муқобила кунанд ва фаолона рӯйкардҳои ҷамъӣ ва чандҷонибаи одилона бар асоси қавоиди куллӣ шинохта шудаи ҳуқуқи байналмиллалиро барои ҳалли масоили фаврӣ ва зарурии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ афзоиш диҳанд. 

Дар баёнияи муштарак  ҳамчунин бар мухолифати Теҳрон ва Москва бо таҳмили иродаи бархе кишварҳо бар кишварҳои дигар тайид шуда ва иқдомҳои зӯрмадоронаи якҷониба, ки ба унвони "таҳримҳои якҷониба" шунохта шудаанд мисдоқе аз чунин равияе хонда шудааст.

Дар банди дигаре бо таъкид бар моқобилаи ду кишвар бо терроризм гуфта шудааст: Чуҳурии Исломии Эрон ва Россия терроризмро дар ҳар шакл ва сурате, ба унвони як таҳдиди ҷаҳонӣ алайҳи сулҳ ва амнияти байналмиллалӣ маҳкум мекунанд ва онро тазъифкунандаи назми байналмиллалӣ мубтанӣ бар ҳуқуқи байналмиллал медонанд.

Муҳаммадҷавод Зариф вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе ҳамчунин ҳангоми вуруд ба Россия дар фурудгоҳи Вунуковаи Москва дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: ҳамкориҳои Эрон ва Россия дар солҳои ахир дар ҳавзаи иқтисодӣ ва масоили минтақавӣ, ба вижа бӯҳрони Сурия ва дар чорчӯби иҷлоси "раванди Остона" афзоиш доштааст. 

Зариф бо ишора ба талоши Америка барои тулонитар кардани маҳдудиятҳои таслиҳотии Эрон низ гуфт: ин мавзӯ як ҷузъи муҳими Барҷом (тавофуқи ҳастаӣ) ва қатъномаи 2231 Шӯрои амният аст, аммо Вашингтон аз тааҳудоти худ сар боз мезанад.