Охирин омори мубталоён ба корона дар Эрон: Беҳбудии ҳудуди 155 ҳазор нафар
(last modified Wed, 17 Jun 2020 12:12:27 GMT )
Июн 17, 2020 17:12 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори мубталоён ба корона дар Эрон: Беҳбудии ҳудуди 155 ҳазор нафар

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз 2 ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона ва беҳбудии ҳудуди 155 ҳазор нафар дар кишвар хабар дод.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар эълом кард: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 612 бемори ҷадиди мубтало ба “ковид – 19” дар кишвар шиносоӣ шуда, ки як ҳазору 71 маврид бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарипоӣ хадамот ироа шуд.

Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони “ковид 19” дар Эрон ба 195 ҳазору 51 нафар расидааст, афзуд, дар тӯли 24 соати гузашта 120 бемор ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ низ ба 9 ҳазору 185 нафар расид.

 

Барчасп