Июн 20, 2020 17:01 Asia/Dushanbe
  • Эрон пештози ироаи суғуртаи дармонӣ ба оворагони афғон

Комисарияи олии паноҳандагони Созмони Миллали Муттаҳид эълом кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон пештози ироаи суғуртаи дармонӣ ба оворагони Афғонистон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, комисарияи олии паноҳандагони Созмони Миллали Муттаҳид эълом кард: Ҳудуди се миллион паноҳҷӯи афғон дар Эрон аз суғуртаи дармонӣ баҳраманд ҳастанд, ки ин масъала ҷумҳурии исломиро пештози ироаи кумакҳазинаи дармонӣ ба паноҳҷӯён кардааст.

Бар асоси ин гузориш, Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз маъдуд кишварҳое аст, ки суғуртаи дармонии ҷомеъеро барои муҳоҷирони афғон ҳамчун шаҳрвандони худ фароҳам кардааст.

Иво Фрейсен- намояндаи комисарияи олии паноҳандагони Созмони Миллали Муттаҳид дар Эрон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост то барои густариши бештари хадамот ба паноҳҷӯёни афғон, аз Теҳрон ҳимоят кунанд.

Аз ҳудуди чаҳор даҳаи пеш бо ишғоли Афғонистон аз сӯи неруҳои шуравӣ ва ҳамчунин таҳоҷуми низомиёни амрикоӣ аз соли 2011, миллионҳо нафар аз Афғонистон овора шуданд, ки бештари ин оворагон ба далели иштирокоти фарҳангӣ ва динӣ, Эрон ва Покистонро барои иқомат баргузиданд.

 

Барчасп