Июн 21, 2020 19:06 Asia/Dushanbe
  • Ниҳоӣ шудани санади ҳамкориҳои ҷомеи Эрон ва Афғонистон таи се моҳи оянда

Санади ҳамкориҳои ҷомеи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Афғонистон ҳадди аксар то се моҳи оянда ниҳоӣ мешавад.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҳаниф Атмар, сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Афғонистон. ки дар садри ҳайати баландпоя ба Теҳрон сафар кардааст, имрӯз якшанбе бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор, ки дар се давр баргузор шуд, дар бораи охирин таҳаввулоти равобити  дуҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, фарҳангӣ, марзӣ, атбоъ ва паноҳҷӯён, ҳамлу нақл ва дигар мавзӯоти мавриди алоқа табодули назар шуд.

Санади ҳамкориҳои ҷомеи Эрон ва Афғонистон низ аз дигар меҳварҳои ин гуфтугӯ буд, ки муқаррар шуд то се моҳи оянда ниҳоӣ шавад.

 

Барчасп