Июн 27, 2020 18:15 Asia/Dushanbe

Муовини кулли Вазорати беҳдошт бо таъкид бар истифодаи ҳамаи мардум аз ниқоби тиббӣ, аз оғози пӯиши ҳамагонӣ бо ҳештаги (#ман_маск_мезанам) дар кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, доктор Эраҷи Ҳарирчӣ дар нишасти хабарии маҷозӣ гуфт: Дар Эрон ҳар 33 сония як нафар ба КОВИД-19 мубтало мешавад ва ҳар 13 дақиқа низ як нафар ба далели корона фавт мекунад.

Ҳарирчӣ гуфт: Бино бар эъломи ахири маркази контроли бемориҳои Амрико (CDC) ба ивази ҳар як нафари бемори ташхисдодашудаи корона, 10 нафар мубталои дигар дар сатҳи ҷомеа вуҷуд дорад, ки ташхис дода намешванд.

Вай таъкид кард дар шароити феълӣ фаолияти иҷтимоӣ, муҳимтарин мавориде, ки боиси коҳиши густариши корона мешавад истифода аз ниқоби тиббӣ, риояти фосилаи физикии якметрӣ бо дигарон ва истифода аз пӯшиши муҳофизи чашмро шомил мешавад.

Ба гуфтаи Ҳарирчӣ, истифода аз ниқоби тиббӣ 85 дарсад, риояти фосилаи физикии якметрӣ 82 дарсад ва истифода аз пӯшиши муҳофизи чашмӣ 78 дарсад интиқоли вируси коронаро коҳиш медиҳад.

Вай гуфт: Аз имрӯз хушбахтона пӯиши истифодаи ҳамагонӣ аз ниқоби тиббӣ бо ҳештаки «#ман_маск_мезанам» дар Эрон оғоз мешавад, ки интизорамон аз ҳамагон бо ҳар дидгоҳ ва ҳар назаре, ҳамроҳӣ ва ҳамкорӣ дар ин замина аст.

Ҳарирчӣ изофа кард: Фаромуш накунем ҳар фарди мубтало, бидуни фосилагирии иҷтимоӣ ва риояти гигиенаи шахсӣ метавонад 406 нафари дигарро олуда кунад.

Муовини кулли Вазорати беҳдошт баён кард: Касоне, ки қаблан ба КОВИД-19 мубтало шудаанд бояд ҳамчунон усули фосилагирии иҷтимоӣ ва гигиенаи шахсиро риоят кунанд зеро ҳануз ҳеҷ санади илмие вуҷуд надорад, ки собит кунад афроде, ки як бор ба ин беморӣ мубтало шудаанд эминии тӯлонӣ ва муассир дар баробари корона дошта бошанд.