Охирин омори Ковид- 19 дар Эрон: фавти 147 бемори дигар
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 147 бемори дигари Ковид-19 дар Эрон дар 24 соати гузашта хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симо Содот Лорӣ рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: "Бар асоси меъёрҳои ташхисӣ, дар 24 соати гузаштаду ҳазору 457 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 1435 нафар бистарӣ гуданд ва бақияи беморон низ пас аз муоина ва дарёфти дору, давраи дармонро дар манзил хоҳанд гузаронд.
Лорӣ гуфт: маҷмӯи беморони Ковид-19 дар Эрон ба 227 ҳазору 662 нафар расидааст.
Вай афзуд: дар 24 соати гузашта 147 нафар аз беморони Ковиди 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 10 ҳазору 817 нафар расид.
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон то кугуг 188 ҳазору 758 нафар аз беморонбеҳбуд ёфтаанд.
Теъдоди афроди олуда ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 10 миллиону 430 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод ҳудуди 510 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.