Июн 30, 2020 17:40 Asia/Dushanbe
  • Дидори намояндаи вижаи вазорати хориҷаи Эрон бо намояндаи Толибон дар Доха

Намояндаи вижаи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо раиси дафтари сиёсии Толибон дар Доха дар робита бо сулҳи Афғонистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Тасним, дар дидори Иброҳим Тоҳириён намояндаи вижаи вазорат умури хориҷаи Эрон бо Мулло Абдулғанӣ Бародар, ду тараф дар бораи коҳиши хушунатҳо, оғози музокироти байнал-афғонӣ бидуни дахолати неруҳои хориҷӣ ба вижа Америка ва масоили пиромуни манофеи муштараки ду кишвари Эрон ва Афғонистон табодули назар карданд.

Тоҳириён ҳамчунин дар сафар ба Доха бо Мутлақ бин Моҷид Ал-Қаҳтонӣ намояндаи вижаи вазири хориҷаи Қатар дар ҳалли мунозиот низ дидор кардааст. 

Дидори намояндаи вижаи вазорати умури хориҷаи Эрон бо раиси дафтари сиёсии Толибон дар Доха дар ҳоле сурат гирифтааст, ки Залмай Халилзод намояндаи вижаи вазорати хориҷаи Америка барои сулҳи Афғонистон низ ба тозагӣ даври ҷадиди сафарҳои худ ба Қатар, Покистон ва Ӯзбекистонро оғоз карда ва ба дунболи иҷрои бандҳои тавофуқи Доха миёни Америка ва Толибон аст. 

Барчасп